- ёд
- [ياد]1. хотир, ҳофиза2. ба хотир овардан, ёд кардан3. ёдбуд, хотира; ёди касро кардан, ба некӣ ба ёд овардани касе4. маҷ. орзу; хаёл, ба ёди рӯи (касе); ёд гирифтан а) омӯхтан, аз худ кардан, фаро гирифтан, таълим гирифтан; б) дарк кардан, дониста гирифтан; ёд додан омӯзондан, омӯхтани коре ба касе, таълим додан; ёд доштан дар хотир доштан; ёд кардан а) ёдовар шудан, ёдоварӣ кардан, ба хотир овардан; зикр кардан; б) аз бар кардан, ҳифз намудан; в) маҷ. пазмон шудан; ёди чизе, касеро кардан а) чизе, касеро ба хотир овардан, аз чизе, касе ёдовар шудан; б) маҷ. чизе, касеро пазмон шудан; в) маҷ. фикри чизе ё касеро кардан; ғами чизе ё касеро хӯрдан; ёд намудан ниг. ёд кардан, ёд овардан ба хотир овардан; аз ёд баровардан фаромӯш кардан; аз ёд баромадан фаромӯш шудан; аз ёд бурдан фаромӯш кардан, аз хотир баровардан; аз ёд донистан ёдакӣ донистан, дар хифз доштан; аз ёд кардан ҳифз намудан, ёдакӣ кардан, ба ҳофиза супоридан, аз бар кардан; аз ёд рафтан фаромӯш шудан; аз ёд хондан ёдакӣ гуфтан, аз ҳифз гуфтан; аз касе ёд кардан касеро ба хотир овардан; фикри касеро кардан; ба ёд доштан а) дар хотир доштан; б) фаромӯш накардан; ба ёд мондан ниг. дар ёд мондан; ба ёд овардан ба хотир овардан; ба ёди касе овардан хотиррасон кардан; ба ёд омадан ба хотир расидан, ба хотир омадан; ба ёд расидан ба хотир омадан; дар ёд будан дар хотир маҳфуз будан; дар ёд доштан ниг. ба ёд доштан; дар ёд мондан дар хотир будан, дар ҳифз будан, дар хотир мондан◊ ёдат ба хайр! офарин! (ибораест, ки ба тариқи лутф ва навозиш гуфта мешавад); ёдаш ба хайр! ибораест, ки дар мавриди ёдбуди касе гуфта мешавад; савганд (қасам) ёд кардан (намудан) расман ва бо тантана аҳд кардан ва ваъда додан барои иҷрои коре (мас., ҳарбиён барои ҳимояи Ватан)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.